расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Кумитаи амнияти Қирғизистон 40 "шарик"-и Матраимовро муайян кардааст

. / Ҷаҳон

Кумитаи амнияти Қирғизистон 40 "шарик"-и Матраимовро муайян кардааст

Райимбек Матраимов.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, тафтиши парвандаи фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар аз сӯи муовини раиси пешини хадамот Райимбек Матраимов ва мансабдорони дигар идома дорад.
Ба огаҳии кумита, тафтишот шахсияти 40 нафареро муайян кардааст, ки бо Матраимов робита ва дар нақшаи фасодкории ӯ даст доштаанд.
"Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши ин шахсон маълум аст. Корҳо дар самти муайянсозии даст доштанашон дар нақшаи мазкури фасодкорӣ фаъолона идома доранд",-афзудааст кумита.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки Қирғизистон ҳаҷми хисороти расида ба давлат низ муайян карда хоҳад шуд.
Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон аз оғози тафтиши фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар 17 октябри соли равон хабар дода буд. Ба гуфтаи масъулони кумита, дар Хадамоти гумруки Қирғизистон аз соли 2016 то ба ҳол бо иштироки Райимбек Матраимов ва мансабдорони масъули гузаргоҳҳои марзӣ нақшаи фасодкорие амал мекунад.
Номи Райим Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсила таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ зикр шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.