расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Муаллифи смайлики "Чашмони Назарбоев" дар Алмато кушта шуд

. / Ҷаҳон

Муаллифи смайлики "Чашмони Назарбоев" дар Алмато кушта шуд

"Смайлик" бо акси Нурсултон Назарбоев.

Дар шаҳри Алмато Собит Сирахон (Bisen), тарроҳ ва муаллифи "смайлик" бо акси президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар натиҷаи латтукӯби шадид ҷон бохт.
Дар ин бора дӯстони тарроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. "Ноодамон дӯсти маро зери мушту лагад қарор дода, ягон узвашро солим нагузоштаанд. Ӯро аз пойафзолҳояш шинохтем",-навиштааст рэпер Бекболат Кайдаров дар Инстаграм.
Департаменти пулиси Алмато рӯзи душанбе хабар дод, ки дар робита ба куштори тарроҳ бародари дӯстдухтари Сирахон дастгир шудааст. Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки "ҳарифашро ба хотири муносибатҳои номуносиб" латтукӯб кард.
Ба иттилои пулис, гумонбар боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Яке аз корҳои маъруфи Сирахон логотипи "Чашмони Назарбоев", истинод ба Нурсултон Назарбоев мебошад. Сирахонро ҳамчунин тарроҳи бренди маъруфи "streetwear" меноманд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.