расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҷанги хунини "Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: чанд кас қурбон шуданд

. / Ҷаҳон

Ҷанги хунини "Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: чанд кас қурбон шуданд


Гурӯҳи толибон ба гузаргоҳи байни Афғонистону Тоҷикистон ҳамла оварданд. Бино бар иттилои расонаҳои кишвари ҳамсоя чанд кас қурбони ин ҳодисаи хунин гаштанд
Ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар шимоли Афғонистон, дар марзи Тоҷикистон ҳамла оварданд. Дар ин бора телевизиони маҳаллии Tolo News хабар медиҳад.
Ҳодиса дар музофоти Қундуз шаби шанбе ба якшанбе рух додааст.Бино бар иттилои расмӣ, толибон ба гузаргоҳи минтақаи Имом-Соҳиб ҳамла карданд. Дар натиҷа байни ҷангиён ва нерӯҳои кишвар задухӯрд сурат гирифтааст.
Дар рафти тирпарронӣ шаш намояндаи ихтиёриён ва ду корманди полис қурбон шуданд.
Ёдрас мешавем, дар Афғонистон мухолифати шадиди байни нерӯҳои ҳукумат ва толибҳо идома дорад. Пештар ҷангиён ҳудуди бузургеро дар деҳотҷойҳо ба даст оварданд ва феълан ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекунанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард
Дар ҳамин ҳол, дар Қатар бори нахуст дар давоми даҳсола гуфтушуниди бевосита байни ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.