расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Амруллоҳ Солеҳ муваққатан масъулияти таъмини амниятро дар Кобул ба уҳда гирифт

. / Ҷаҳон

Амруллоҳ Солеҳ муваққатан масъулияти таъмини амниятро дар Кобул ба уҳда гирифт

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон, муваққатан масъулияти таъмини амниятро дар шаҳри Кобул ба уҳда гирифт. Мақомот мегӯянд, ба ин кор афзоиши ҷинояткорӣ ва ноамнӣ дар пойтахти Афғонистон сабаб шуд. Амруллоҳ Солеҳ рӯзи 17-уми октябр дар Фейсбук навишт, "аз имрӯз расидагӣ ба масоили амниятии Кобулро ба гунаи мустақим барои чанд ҳафта ба дӯш мегирам." Ризвон Мурод, раиси дафтари матбуотии муовини аввали президенти Афғонистон рӯзи шанбе ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо афроду гурӯҳҳои табаҳкор, балки пуштибонҳои онҳо ҳам ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Вай афзуд, "дар мубориза ба зидди гурӯҳҳои ҷинояткору муҷримон ҳеч навъ нармиш вуҷуд нахоҳад дошт" ва илова кард, ки "муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ барои таъмини амнияти шаҳри Кобул сохтори тоза эҷод намекунад, балки аз зарфиятҳои мавҷуд дар нерӯҳои амниятӣ истифода хоҳад кард." Амруллоҳ Солеҳ дар ҳоле масъулияти таъмини амниятро дар Кобул ба уҳда гирифт, ки дар ин авохир дуздиву роҳзанӣ дар ин шаҳр афзоиш ёфта, сокинонро сахт нигарон кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.