расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Туркманистон ваксинзании умумӣ шуруъ шуд

. / Ҷаҳон

Дар Туркманистон ваксинзании умумӣ шуруъ шуд

Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон ваксинзании умумии сокинон шуруъ шудааст. Ба иттилои хабарнигорон, ин воксинзанӣ ҳатмӣ аст ва ҳар узви хонавода бояд онро бигирад.
"Ҳоло ҷавонон, занони ҳомила ва касонеро ваксина мезананд, ки бо одамони зиёде сари кор доранд. Таъкид мешавад, ки ваксинзанӣ ҳатмӣ аст. Аммо на номи ваксин, на истеҳсолгар, на муҳлати онро пизишкон хабар намедиҳанд", - гуфт як хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 14 октябр.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қонунгузории Туркманистон тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он, барои барқасдона паҳн кардани бемории норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои хатарноки уфунӣ, ҳамчунин парҳез аз ин бемориҳо то ду соли зиндон пешбинӣ гардидааст.
Ин тағйирот дар замони густариши вабои COVID-19 қабул шуд, ки то кунун мақомоти Туркманистон расман вуҷуди вабои мазкурро дар кишвар тасдиқ накардаанд.
Аммо шоҳидон мегӯянд, бемориҳое шабеҳ ба илтиҳоби шуш ва зуком дар он кишвар бедод мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.