расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Қирғизистонро ба нахуствазир супурданд

. / Ҷаҳон

Салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Қирғизистонро ба нахуствазир супурданд

Содир Ҷабборов пешниҳод кард, интихоботи нав рӯзи 10-уми январи соли оянда сурат бигирад.

Порлумони Қирғизистон қарор дар бораи ба нахуствазири тозаинтихоб додани салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро тасвиб кард. Содир Ҷабборов (Ҷапаров) рӯзи 14-уми октябр нахуствазир интихоб шуд ва баъд аз чанд рӯзи бесарусомонӣ ва буҳрони сиёсие, ки баъди интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр ба вуҷуд омад. Баъди эълони натиҷаҳои интихобот, ки дар Қирғизистон мардум ба кӯчаҳо баромаданд ва ҳукуматро сарнагун ва раиси ҷумҳурро маҷбур ба истеъфо карданд.
Дар нишасти порлумон дар рӯзи 16-уми октябр, вакилони мардумии Қирғизистон ҳамчунин қарори вазъи фавқуллода дар шаҳри Бишкекро беэътибор карданд. Содир Ҷабборов, ки барои одамрабоӣ ба зиндон маҳкум шуда буд, ҳангоми тазоҳуроти ҳафтаи гузашта бо дасти тарафдоронаш аз зиндон озод шуд. Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр аз мақомаш истеъфо дода ва гуфт, “сулҳ ва ваҳдат дар кишвари мо муҳимтар аз ҳаргуна мансаб аст”.
Бар асоси Қонуни асосии Қирғизистон, дар сурати истеъфои президент, раиси порлумон салоҳиятҳои ӯро иҷро мекунад, вале раиси порлумон Қанотбек Исоев гуфт, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро то замони интихоботи нав бар уҳда намегирад. Содиқ Ҷабборов ҳангоми суханронӣ дар порлумон пешниҳод кард, интихоботи рӯзи 10-уми январи соли оянда сурат бигирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.