расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Мақомоти Покистон: ду сарбози артиш аз дасти ҷангҷӯён кушта шуданд

. / Ҷаҳон

Мақомоти Покистон: ду сарбози артиш аз дасти ҷангҷӯён кушта шуданд


Мошини сарбозони покистон аз маҳалли кӯҳие дар Вазиристони Ҷанубӣ убур мекунад

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар як ҳамла дар минтақаи қабинашиниши Вазиристони Ҷанубӣ ҷангҷӯён дасти кам ду сарбози покистониро куштанд. Мақомот ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамла рӯзи 10-уми октябр дар минтақаи Мана Мандраи Шавол Теҳсил рух дод. Онҳо гуфтанд, ки чор сарбози дигари покистонӣ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуданд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Вале дар гузашта масъулияти чунин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни гурӯҳи мамнӯи Таҳрики Толибони Покистон ба ӯҳда мегирифтанд. Вазиристони Ҷанубӣ дар шимолуғарби вилояти Хайбар Пахтунхва ҷойгир аст ва давоми солҳои зиёд паноҳгоҳи ҷангҷӯён будааст. Мақомоти низомии покистонӣ иддао кардаанд, ки амалиёти онҳо дар амри поккории Вазиристони Ҷанубӣ аз ҷангҷӯёни Толибон ва дигар гурӯҳҳо натиҷа додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.