. / Иқтисодиёт
Туркманистон ба сохтмони роҳи оҳан то сарҳади Тоҷикистон идома медиҳад
Ин шоха қисмате аз долони нақлиётии роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон мебошад.
Сурат: orient.tmМутахассисони туркман ба корҳои сохтмон дар шохаи роҳи оҳани Оқина - Андхой дар қаламрави Афғонистон машғуланд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.
Шохаи роҳи оҳани мазкур қисмате аз долони нақлиётии роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳамедов изҳор дошт, ки корҳои сохтмон дар роҳи оҳан аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Афғонистон идома доранд.
Ӯ қайд кард, ки бунёди роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Туркманистон ва бо истифода аз захираҳои кадрӣ ва моддии ин кишвар ҷараён дорад.
“Оянда дароз шудани ин шохаи роҳи оҳан то сарҳад бо Тоҷикистон ва минбаъд баромадан ба кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар назар аст”, - гуфтааст президенти Туркманистон.
Сохтмони қитъаи роҳи Оқина -Андхой, аз сарҳади Туркманистон то Фароби Афғонистон бо масофаи 35 километр моҳи июли соли гузашта оғоз гардид.
Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.