расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Чаро гази Ӯзбкистон то ҳол ба хонаи сокинони Тоҷикистон нарасидааст?

. / Иқтисодиёт

Чаро гази Ӯзбкистон то ҳол ба хонаи сокинони Тоҷикистон нарасидааст?

Соли гузашта аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 219 млн метри мукааб гази табиӣ ворид шуда, имсол созишнома барои воридоти беш аз 250 млн метри мукааб газ байни ду кишвар ба имзо расидааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Вазир гуфт, соли гузашта назар ба соли 2022-юм 26,5 млн метри мукааб бештар аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ ворид карда шуд.
Ӯ, дар нишасти матбуотии дирӯза, 1-уми феврал, афзуд, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон ширкати “Алюминии тоҷик" (ТАЛКО)-и Турсунзода, Корхонаи нуриҳои "Азот"-и водии Вахш ва “Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) 1”-и шаҳри Душанбе мебошад.
“Дар умум, гази табиӣ аз Ӯзбекистон мунтазам ба Тоҷикистон ворид мешавад. Мушкилиҳо танҳо дар фасли зимистон ҷой дорад. Чунки талабот ба газ дар ҳарду кишвар зиёд мешавад. Баъзе мушкилиҳо мешавад, вале харектари минтақавӣ дорад, лекин мо бо ҳамкорони Ӯзбекистон ҳамарӯза онро ба танзим дароварда истодаем”, - гуфт вазири энергетика.
Воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз соли 2011 пурра қатъ шуда буд, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури нави Ӯзбекистон ва беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвар дубора, моҳи апрели соли 2018, аз сар гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, моҳи декабри соли 2020 дар як маросими хос лӯлаи интиқоли гази табиӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъол ва гуфта шуда буд, дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.
Он замон мақомот гуфта буданд, ки дар солҳои наздик таъмири зерсохтори дохилиро ба анҷом расонида, истеъмолкунандагони маишӣ низ ба хатти асосӣ пайваст мешаванд. Вале инак бо гузашти беш аз 4 сол гази Ӯзбекистон ҳанӯз дар хонаи аҳолии Тоҷикистон нарасидааст.
Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ ба суоли ботакрори хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин бора посухи рӯшан надод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.