расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

. / Иқтисодиёт

Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Айни замон зерсохтори кӯнаву фарсудашуда барқарор мешавад, то ки гази табиӣ ба истеъмолгарон дастрас гардад.

Сурат: аз торнамои ukraine.web2ua.com
Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон имкони таъмини аҳолиро бо гази табиӣ, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, баррасӣ дорад.
“Дар навбати аввал давра ба давра ба лӯлаи газ пайваст кардани сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат.
Қаблан дар ҶСК “Душанбегаз” зикр карда буданд, ки базе хонаҳои пойтахт, ки дар паҳлӯи шоҳқубури интиқоли газ ҷойгиранд, ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон дастрасӣ доранд.
“Гап сари он аст, ки барои пайваст кардани ин хонаҳо хароҷоти зиёд лозим набуд”, - гуфтанд дар ширкат.
Манбаъ зикр кард, ки айни замон корҳои барқарорсозии зерсохтори тайи даҳсолаҳо кӯҳнаву фарсудашуда ҷараён дошта, баъди анҷоми он гази табиӣ ба дигар истеъмолгарон низ дастрас мешавад.
Дар ширкат илова намуданд, ки даҳсолаи охир хонаҳои Душанбе бо газ таъмин набуданд ва бо назардошти масъалаи бехатарӣ, навсозии зерсохтор хароҷоти зиёд талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш ҶСП “Сомон-Суғдгаз”, ки ба таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар бо гази табиӣ машғул аст, хабар дод, ки анҷоми корҳои барқарорсозии зерсохторро онҳо то охири ҳамин сол ба нақша гирифта, пас аз ин аҳолии шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар шаҳру навоҳии вилоят ин навъи сӯзишворӣ гирифта метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли 2018 дубора аз сар гирифта шуд.
Дар муқоиса бо соли 2018 соли 2019 интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2,6 баробар - аз 66 млн метри мукааб (ба маблағи 6,9 млн доллар) то 140 млн метри мукааб (ба маблағи 17,7 млн дллар) афзуд.
Истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” мебошад. Ҳамчунин бо ин навъи сӯзишвории ҳамсоякишвар чанде аз корхонаҳои дигар, аз ҷумла, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ таъмин мешаванд.
Тибқи маълумоти Вазорати энергеикаи Ӯзбекистон, тӯли 8 моҳи соли 2020 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 139,5 млн метри мукааб газ гирифтааст.
Мувофиқи қарордодаи имзошуда, то охири соли ҷорӣ интиқоли 200 млн метри мукааб гази табиӣ ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки баргузории он рӯзҳои 28-29 сентябр дар Душанбе пешбинӣ мешавад, баррасии масъалаи ҳаҷм ва нархи интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя низ ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.