. / Иқтисодиёт
Сохтори саноати коркарди Тоҷикистон

Маълум аст, ки дар давраи то соли 2030 дар назди иқтисодиёт ва истеҳсолоти ҷумҳурӣ вазифа гузошта шудааст, ки аз ҳолати аграрию индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ гузаранд.
Барои саноатикунонии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ таҳия шудааст, ки тибқи он то соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД бояд ба 21% боло ва ҳиссаи кишоварзӣ то 17%коҳиш ёбад.
Ҳоло бошад, баръакс. Самти асосии истеҳсолоти мамлакат саноати махсулоттайёркунӣ— бештар аз 60%-ро ташкил медихад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 ҳудуди 26,5 миллиард сомониро ташкил дод.
Маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳо ва тамоку дар ҷои аввал мебошанд: 39,2% истеҳсолот ба онҳо рост меояд.
Дар ҷои дуюм металлургия, ки ҳиссаи он 23% ва саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 18,3%-ро ташкил медиҳад, дар ҷои сеюм қарор дорад.
Маснуоти каучук ва пластмасса, инчунин дигар маҳсулоти маъданӣ 13%-и сохтори саноати истеҳсоли маҳсулотро ташкил медиҳанд.
Чӯбу тахта, масолеҳи чӯбию коғаз 1,6% ва дигар чизҳо 4,9%-ро ташкил медиханд.
sputnik