расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Пешниҳоди кумаки СММ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $61 барои мубориза бо коронавирус

. / Иқтисодиёт

Пешниҳоди кумаки СММ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $61 барои мубориза бо коронавирус


Маблағи мазкур ҷиҳати андешидани тадбирҳо дар 5 самти муҳим равона мегардад.

Сурат: дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.
“Хонум Сезин Синаноглу Барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим пеш аз ҳама "тандурустӣ, "ҳимояи одамон", "чораҳои макроиқтисодӣ", "барқарорсозии макроиқтисодӣ" ва "ҳамгироии иҷтимоӣ" равона мегардад”, - қайд мешавад дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.