расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Нарху тарифҳо байни кишварҳои ИДМ бештар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон боло рафтанд

. / Иқтисодиёт

Нарху тарифҳо байни кишварҳои ИДМ бештар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон боло рафтанд

Он дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба вуҷуд омад.

Сурат: novosti.tj
Нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ӯзбекистон 4,6% ва Тоҷикистон - 4,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ).
Гуфта мешавад, сатҳи нисбатан баландтари таваррум дар давраи зикршуда дар ду кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мизони таваррум дар Қазоқистон 4,2%, Беларус – 3,4%, Қирғизистон – 3%, Русия – 2,6%,   Украина – 2%,  Озарбойҷон – 1,5%,   Молдова – 1,1%,   Арманистон – 1%-ро ташкил додааст.
Дар бораи нишондиҳандаҳои Туркманистон дар ин самт маълумот дода нашудааст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи баланди таваррум дар ин давра дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ (7,5%) ба вуҷуд омад. Нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ва тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 0,6% афзуданд.
Дар ин давра аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази моеъ (13,8%), билетҳои ҳавопаймоӣ (30%) боло рафтааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби болоравии сатҳи таваррум, асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19), ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.