расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » ҲАМА ГУНА ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН МАНЪ ШУД

. / Иқтисодиёт

ҲАМА ГУНА ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН МАНЪ ШУД

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 2 сентябр дар ҷаласааш баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангӣ-оммавӣ, анҷумани нишастҳри ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро бахшида ба ҷашни солгарди 29-уми истиқлоли Тоҷикистон манъ кард. Пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус сабаби асосии ин иқдом ном бурда мешавад.
"Сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии талаботи фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”, - гуфта мешавад дар қарори ситод.
Ин тасмим дар ҳолест, ки табибон аз авҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар Тоҷикистон бонги изтироб мезананд. Аммо бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ҳамагӣ 36 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, шумораи умумии гирифторон то 1 сентябр ба 8619 нафар расидааст ва то имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 69 нафар қурбони коронавирус шудаанд.
Моҳи марти соли ҷорӣ бо вуҷуди таҳдиди коронавирус иди Наврӯзро дар Тоҷикистон бо тантанаҳои зиёди оммавӣ таҷлил карданд, ки мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.