расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба кор даромад

. / Иқтисодиёт

Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба кор даромад

Ин таҷрибаи нахустин байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Сурат: medt.tj
Рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими оғози расмии ҷорисозии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муовини якуми сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳои ба Равзанаи ягона шомилшаванда, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» барои амалӣ намудани Равзанаи ягона равона гардида, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, раисии Кумитаи роҳбарикунандаи онро ба уҳда дорад.
Низоми мазкур аз ҷониби КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумрук идора карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин низом зимни анҷоми расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ гузаштани ҳуҷҷатгузорӣ аз коғазӣ ба электронӣ пешбинӣ шудааст.
Низом ҷиҳати дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ имкон медиҳад.
Дар Консепсияи таъсиси “Равзанаи ягона” гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ низоми иҷозатномадиҳии давлатии душвору қисман такроршавандаи анҷоми расмиёти содиротиву воридотӣ амал мекунад. Иштирокчиёни савдои байнулмилалӣ барои риояи қонунгузории гумруки кишвар ба пешниҳоди шумори зиёди ҳуҷҷатҳои гуногун ва маълумот ба мақомоти давлатӣ уҳдадоранд.

Дар санад қайд мешавад, ки баъзан мақомоти давлатӣ қоида ва шартҳои худро пешниҳод мекунанд, ки ин ба зиёдшавии хароҷоти моддии корхонаву ширкатҳо боис гардида, дар ниҳояти кор оқибати он дар нархи баланди ниҳоии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ифода меёбад.
Барои соддагаронии расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳои машғул ба воридоту содироти молу маҳсулот тасмим гирифта шуд, ки механизми “Равзанаи ягона” ҷорӣ шавад.
Дар маълумоти Вазорат зикр мешавад, ки Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.