расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Чин барои ифтитоҳи гузаргоҳи Кулма

. / Иқтисодиёт

Тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Чин барои ифтитоҳи гузаргоҳи Кулма

Тоҷикистон умедвор буд, ки роҳ охири феврал боз мешавад, вале он ҳоло ҳам баста аст.

Сурат: Вазорати нақлиёти ҶТ
Байни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Чин дар реҷаи онлайн ҷаласаи Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма - Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини якуми раиси ноҳияи Мухтори Синзян Уйғур – Чжан Чунлин роҳбарӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа инчунин намояндагони Вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ ҳузур доштанд.
Сурат: Вазорати нақлиёти ҶТ
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои ҷойдошта, ҷонибҳо ба мувофиқа  расиданд, ки барои ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи “Кулма - Қаросу” чораҳои заруриро роҳандозӣ  хоҳанд кард.
Аз ҷумла, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши боркунию борфарорӣ дар гузаргоҳ, бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва истифодабарии ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки постгоҳи сарҳадии “Кулма” дар марзи байни Тоҷикистону Чин аз аввали моҳи октябри соли гузашта баста боқӣ мемонад.
Зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 феврали соли равон муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода изҳор дошт, ки дар ин гузаргоҳ зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.