расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Бекобод-Конибодом-Қӯқандро барқӣ мекунанд

. / Иқтисодиёт

Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Бекобод-Конибодом-Қӯқандро барқӣ мекунанд

Масофаи ин қитъаи роҳ 108 километрро ташкил медиҳад.

Истгоҳи роҳи оҳан дар Бекобод
Сурат: tashtrans.uz
Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон имзои созишномаро дар бораи сохтмони хати интиқоли барқ дар паҳлӯи қитъаи роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон - Бекобод-Конибодом-Бекобод ба нақша гирифтаанд.
“Ҷараёни муофиқасозии қарордод дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба имзо расиданаш оянда наздик дар назар аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.
Дар ширкат қайд карданд, ки корҳои пешакӣ барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҳар ду ҷониб ҳанӯз соли гузашта оғоз гардида, имконоти татбиқи ин ният баррасӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки гузаштан ба истифодаи ҳаракат ба воситаи барқ ба манфиати ҳар ду ҷониб мувофиқ аст: хароҷоти боркашиву мусофиркашӣ кам мешавад, партоби маводи зараровар ба фазо аз сӯзонидани ангишт аз байн меравад, шумори қатораҳо зиёд мешавад, ки ба афзоиши даромади ҳар ду тараф мусоидат мекунад.
Зимнан илова шуд, ки тафсилоти масъала, аз ҷумла шартҳои созишнома танҳо баъди имзои санад дасрас хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи номбарнашуда хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аллакай қарордодро ба имзо расонидаанд, ки мувфиқи он Тошканд сохтмони хати интиқоли барқро дар қаламрави вилояти Суғд пурра ба уҳдаи худ мегирад.
“Тибқи маълумоти дастпасшуда, сохтмони хати итиқоли барқ барои транзити қатораҳо аз сарҳади ноҳияи Спитамен то истгоҳи Конибодом дар Тоҷикистон зиёда аз 108 километрро ташкил медиҳад”, - омадааст дар хабар.
Роҳиоҳанчии собиқадори тоҷик Усмон Қаландаров, ки айни замон бознишаста аст, қайд кардааст, ки ин лоиҳа ҳанӯз замони солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) тарҳрезӣ шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳаи барқӣ кардани қитъаи роҳи оҳани мазкур дар се марҳила пешбинӣ гардида буд: Тошканд-Бекобод (дар сарҳади ғарбии вилояти Суғд); Бекобод-Конибодом ва Конибодом-Қӯқанд.  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.