расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Нусратулло Давлатзода гуфт, ки чаро натавонистанд нақшаи андозро иҷро кунанд: 600 млн кам

. / Иқтисодиёт

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки чаро натавонистанд нақшаи андозро иҷро кунанд: 600 млн кам

Ин андозе будааст, ки аз бахши сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймо рӯёнида нашудааст.

Сурат: Asia-Plus
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад. Ба назари раиси Кумита, ин асосан аз ҳисоби  кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст. 
"Қарз аз андоз дар соли 2020 330 миллион зиёд шуда ва 884 млн сомони ($75 млн) расидаасӣ, - гуфт Давлатзода. - Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст".
Давлатзода қарздорони бузурги андозро гуфт, ки дар миёни онҳо «Таҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО "Роғун"  (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик - Талко (38 млн сомонӣ), Сангтӯда – 1 (36 млн сомонӣ), Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).
Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои ширкатҳои зикршуда 291 млн сомониро ташкил мекунад, ки ба 33%  маҷмуъи умумии қарзҳо аз андоз баробар аст.
Ӯ зиёд шудани қарзи ширкатҳои бузургтарин кишварро ба вазъияти ҷории кишвар, ки бар асари ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, марбут донист. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.