расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Раҳмон: барои бекор кардани санҷишҳои ғайриқонунӣ ва кори соҳибкорон санади нав омода кунед

. / Иқтисодиёт

Раҳмон: барои бекор кардани санҷишҳои ғайриқонунӣ ва кори соҳибкорон санади нав омода кунед


Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаш ба Маҷлиси Олӣ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ дастур дод, ки барои аз байн бурдани санҷишҳову тайфтишҳои ғайриқонунӣ ва дахолат ба кори соҳибкорон санади далдорро омода кунад, то Ҳукумати Тоҷикистонро онро қабул кунад.
"Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад".
Ба назари Раҳмон ҳоло саҳми “бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳам коршиносону соҳибкорони ватанӣ ва ҳам сармоягузорону созмонҳои байналмилалӣ аз зиёд будани ниҳодҳои санҷишгар ва мавридҳои дахолат ба кори соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҳамеша шикоят мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 вақте бо мақсади эҷоди шароити мусоид барои соҳибкорӣ  дар кишвар мораторияи дусолаи санҷиши соҳибкорон  эълон намуд, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 78 ниҳоди санҷишгар мавҷуд аст, ки вазифаҳои якдигарро дунбол мекунанд. Дар мулоқоти ахир бо намояндагони бахши саноат президент аз номуассир воқеъ шудани имтиёзҳои додашуда ба корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумат талаб намуд, ки корро дар ин самт ҷоннок кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.