расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Сафорати Ҳиндустон ба МТС таҷҳизоти компютерӣ туҳфа кард

. / Иқтисодиёт

Сафорати Ҳиндустон ба МТС таҷҳизоти компютерӣ туҳфа кард

Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар доираи дастгирии техникии муассисаҳои таҳлилӣ ва илмӣ ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизоту афзори компютерӣ ҳадя намуд.
Таҷҳизотро имрӯз20 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Синх ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ тақдим намуд.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зимни суханронӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, махсусан ба ҷаноби Сафир, барои дастгирии техникӣ ва эҳдои таҷҳизот изҳори сипос намуд. Директори Марказ Хуршед Зиёӣ махсусан таъкид намуд, ки Ҳиндустон яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар самти рушди техникӣ ва амалисозии Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Робитаҳои дӯстонаи ҷумҳуриҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.