расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тоҷикистону БОР ба маблағи $237,5 млн грантҳо ба имзо расониданд

. / Иқтисодиёт

Тоҷикистону БОР ба маблағи $237,5 млн грантҳо ба имзо расониданд

Танҳо барои рушди бахши энергетика 105 млн доллар ҷудо мешавад.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳоров ва намояндаи доимии БОР дар ҶТ Прадип Сривастава
Сурат: minfin.tj
Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барои татбиқи чор лоиҳа дар соли равон ба маблағи 237,5 млн доллар кумаки бебозгашт мерасонад.
Созишномаҳои грантии дахлдор охири соли гузашта байни ҳукумати кишвар ва БОР ба тасвиб расида буданд, хабар доданд аз дафтари кории ниҳоди байнулмилалӣ дар Душанбе.
Бо ин маблағ БОР ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани устувории бахши энергетика, тақвияти бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи миллии роҳҳо, беҳбуди низоми обёрӣ ва таҳкими соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ дар кишвар кумак мекунад.
Аз ҷумла, барои рушди соҳаи энергетика 105 млн доллар ҷудо мешавад. Бо ин дастгирӣ суръат бахшидан ба татбиқи ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбуди баҳисобгирии чаканаи неруи барқ ва шабакаи тақсимоти ҷараёни паст ва миёна дар ҳафт шаҳр, инчуин пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмини устувории шабакаи роҳҳо бо грант дар ҳаҷми 67,5 млн доллар ду қитъаи роҳи мавҷуда дар вилояти Хатлон - аз Данғара то Оқмазор (28,7 км) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5км) таъмиру барқарор карда мешаванд.
Лоиҳа ба Вазорати нақлиёт дар ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ низ кумак карда, ба баланд гардидани фаъолмандии занон  дар минтақаи лоиҳа мусоидат менамояд.
Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 15 млн доллар идоракунии захираҳои обиро дар ҳавзаи дарёи Панҷ беҳтар мекунад. Кумаки мазкур ба маблағгузории сохтмони таҳшингоҳ дар низоми обёрии Чубек дар қисмати ҷануби кишвар равона мегардад.
Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ ба маблағи 50 млн доллар баргузории ислоҳот баҳри беҳбуди этимоднокии бахши хусусӣ ва соҳаи молия ва таҳкими он дар таносуб бо идоракунии молиявӣ пешбинӣ шудааст, ки ба афзоиши сармоягузориҳои хусусӣ кумак мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.