расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Бузургтарин Маркази гармидеҳии Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад?

. / Иқтисодиёт

Бузургтарин Маркази гармидеҳии Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад?

Аз ҳаҷми истеҳсоли барқ ва гармӣ дар он огаҳӣ ёфтем.

Сурат: Asia-Plus
Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бузургтарин чунин неругоҳ дар Тоҷикистон буда, айни замон аз ҳама бештар муҷаҳҳаз ва муосиртарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Барои сохтмони он 349 млн доллар маблағ харҷ шуд. Аз ҳаҷми истеҳсоли барқ ва гармӣ дар он огаҳӣ ёфтем.
Марказ ба ду навбат тақсим шуда, дар ҳар дуяш ҳам неруи барқ ва гармӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар кори истеҳсоли энергия дар ин ҷо саҳми шахси алоҳида начандон зиёд аст. Дар дегҳои калон об бо ангишт гарм шуда, дар идома буғ ба турбина меравад ва онҳоро давр мезанонад. Дар он ҷо генератор низ ҳаст, ки таҳти фишор давр мезанад ва ба ин тариқ ҷараёни барқ ҳосил мешавад. Ҳамин буғ ба дастгоҳҳои табодули гармӣ дода шуда, аз он ҷо ба низоми гармидиҳӣ фиристода мешавад.
Ҳамаи ҷараёни корро компютеру дастгоҳҳо ҳисоб мекунанд. Кормандон бодиққат нишондиҳандаҳоро пайгирӣ мекунанд.
Дар панҷараҳо (шитҳо)-и низ компютерҳо насб шудаанд, ки ҷараёни кори ду навбатро пайгирӣ мекунанд. Ин эҳтиёт аз омили инсонӣ аст. Агар дар навбати аввал нуқсро пай набаранд, дар дуюмаш ҳатман огаҳӣ меёбанд.
Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ноҳияи Сино ва Исмоили Сомониро бо гармӣ таъмин мекунад. Неруи барқ ба ҳалқаи умумӣ интиқол ёфта, аз он ҷо ба саросари кишвар тақсим мешавад. Соли гузашта дар марказ ҳамагӣ қариб 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ ва 411.000 гигокалорий гармӣ истеҳсол шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.