расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Кумаки БОР ба рушди энергетика ва навсозии роҳҳои Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

Кумаки БОР ба рушди энергетика ва навсозии роҳҳои Тоҷикистон

Солҳои 2021-2023 ин ниҳод дар шакли грант ба Тоҷикистон зиёда аз 323 млн доллар ҷудо карданист.

Сурат: sng.today
Бонки осиёии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи энергетика, инчунин лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” бебозгашт кумак мекунад.
Лоиҳаҳои дахлдори созишномаҳои грантӣ байни ҷонибҳо омода шуда, президенти Тоҷикистон бо амрҳои худ дастур додааст, ки сана ва макони имзои созишномаҳои зикргардида мувофиқа шавад.
Охири соли гузашта зикр гардида буд, ки БОР барои Тоҷикитсон кумаки бебозгаштро ба маблағи 105 млн доллар маъқул донист. Маблағҳо барои ислоҳот ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетикаи ҷумҳурӣ равона мешаванд.
Дар ислоҳот тақсимшавии “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақили истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин ҳалли мушкили қарзҳои беҳад зиёди ширкат пешбинӣ шудааст.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар ҶТ Прадип СриваставаСурат: minfin.tj
Ғайр аз ин, дар бораи аз ҷониби БОР ҷудо шудани 67 млн доллар барои таъмиру навсозии қитъаҳои роҳи мошингарди дар вилояти Хатлон: Данғара-Оқмазор (28,7 км) ва Ҳулбук-Кангурт (59,5 км) хабар дода шуда буд.
Ҳадафи аслӣ аз татбиқи лоиҳаи мазкур ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани ин қитъаҳои роҳ, таъмини бехатарӣ дар роҳ ва беҳбуди алоқаҳои байнулмилалӣ унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки БОР соли 2020 нақшаи индикативии дастгирии бебозгаштро ба Тоҷикистон барзиёд иҷро кард: ҷумҳурӣ ба ҷойи 140 млн доллари пешбинишуда 320 млн доллар кумаки молиявӣ гирифт.
Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад, то ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар нагардонанд.
БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.
Давоми солҳои 2021-2023 ин ниҳоди молиявӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон ҷудо кардани зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.