расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Шиносоии Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд

. / Иқтисодиёт

Шиносоии Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд

Зикр шуд, ки дар Вазорат як қатор барномаҳо таҳия шудааст.

Сурат: Аксҳо аз муаллифи мавод
Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир 10 январ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла “Сомон Гуруҳ”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдиён”, “Ҷавонӣ”, “Садаф” ва чандеи дигар боздид намуд.
Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиис ҷойҳои нави корӣ, насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ҷорисозии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда гуфтугӯ сурат гирифт.

Шералӣ Кабир хабар дод, ки Вазорати саноат доир ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ, саноати сабук, пиллапарварӣ то соли 2025 як қатор барномаҳо таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амалисозӣ қарор доранд.

“Ин барномаҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - индустриякунонии босуръати кишвар ва коҳиши омилҳои манфии беруна ба иқтисод нигаронида шудаанд. Дар ин робита, ҳар як роҳбари корхонаи саноатӣ бояд ба масъалаҳое чун бунёди асос барори коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навоварона дар истеҳсолот, истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намояд”, - гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 165 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1 492,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.