расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Талабот ҳасту камбуд нест. Ангишт дар Тоҷикистон қимат шуд

. / Иқтисодиёт

Талабот ҳасту камбуд нест. Ангишт дар Тоҷикистон қимат шуд

Афзоиши талабот ва мутаносибан болоравии нархи онро ба ҷорӣ шудани лимити барқ марбут медонанд.

Сурат: Asia-Plus
Ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит дар минтақаҳои кишвар ба афзоиши талабот ба ангишт ва болоравии нархи он боис гардид.
Вобаста ба макони ҷойгиршавии ин ё он минтақа нисбат ба конҳои ангишт, нархи чаканаи он барои 1 кило аз 20 то 50 дирам боло рафт.
Ба ин тариқ, дар вилояти Суғд, ки дар он конҳои ангишти кишвар ҷойгиранду инчунин конҳои ангшти Қирғизистон начандон дуранд, арзиши ангишт 15-20 дирам зиёд шуд.
Як кило ангишти маҳаллӣ дар ин минтақа айни замон ба ҳисоби миёна 1,4 сомонӣ ва ангишти Қирғизистон - 1,8 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар бозорҳои гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи ангишт аз оғози моҳи январ 20-23 дирам боло рафта, як кило ангишти маҳаллӣ 1 сомонӣ ва воридотӣ - 2,5 сомонӣ нарх дорад.
Дар гурӯҳи ноҳияҳои Бохтари вилояти Хатлон 1 кило ангишти маҳаллиро бо 1,5 сомонӣ ва ангишти Қирғизистонро - бо 2,10 сомонӣ метавон харид.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ 1 кило ангишти маҳаллӣ - 1,8 сомонӣ, қирғизӣ - 2 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ВМКБ ин нархҳо мутаносибан чунинанд: 2 сомонӣ ва 2,10 сомонӣ.
Нархи яклухти як тонна ангишт дар конҳо вобаста ба сифат ва тарзи истихроҷ (кушода ва зеризаминӣ) ба ҳисоби миёна 550 сомониро ташкил медиҳад, яъне 1 килои он 55 дирам нарх дорад. Ҳиссаи назаррасро дар нархгузории ин навъи сӯзишворӣ ба нуқтаҳои фурӯш бурда расонидани он ташкил медиҳад. Чунин нуқтаҳо дар саросари кишвар зиёда аз 2 ҳазоранд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1 млн 855 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки 1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Сурат: Asia-Plus
Соли 2019 дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордӣ дар таърихи кишвар - зиёда аз 2 млн тонна ангишт истихроҷ шуд.
Дар ҷумҳурӣ 18 корхона ба истихроҷи ангишт машғуланд, лекин зиёда аз 95% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба 5 корхона - “Фон-Яғноб”, “Талко-Ресурс”, ҶДММ “КМТ”, “Зиддеҳ” ва ҶСК “Ангишт” рост меояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.