расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » 43 млн сомониву 4,3 ҳазор қонуншиканӣ: ҳосили кори 16-рӯзаи Ситоди барқ

. / Иқтисодиёт

43 млн сомониву 4,3 ҳазор қонуншиканӣ: ҳосили кори 16-рӯзаи Ситоди барқ

Масъулони Ситоди ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, аз рӯзи таъсисидиҳии ситод (10 декабр) то 26-уми декабр дар сартосари ҷумҳурӣ 4 ҳазор 381 ҳолати истифодаи ғайриқонуни нерӯи барқро ошкор кардаанд.  
Вазорати корҳои дохилӣ, ки масъули ин ситод мебошад ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ин 16 рӯз 42 миллиону 676 ҳазор сомонӣ қарзҳои муштариён рӯёнида шудааст. Ҳамзамон ситод муайян кардааст, ки дар ин давра бар асари истифодаи ғайриқонунии неруи барқ 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зарар расонида шуддааст.

ино ба иттилои ВКД, 9 кирдори ҷиноятии дигар ҳам ошкор шудааст, ки тибқи моддаи 253 КҶ ҶТ (расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ) банду баст шуда, санҷиш давом дорад.
Имсол бар пайи нотавонӣ дар таъмини барқ ва зиёд шудани мушкилоти марбут ба барқ дар Тоҷикистон 10-уми декабр бо дастури ҳукумат дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд, ки онро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад.
Ба ин ситод ҳуқуқ додаанд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати  истифодаи неруи барқ ба манзили истиқоматии сокинон ворид шавад.
Зимнан ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз маҳудудияти нерӯи барқро дар кишвар расман эълон кард, ки маҳдудияти барқ аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Дар муроҷиатнома инчунин гуфта шудааст, ки «ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар,  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад».

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.