расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Роҳандозии Равзанаи ягона дар Тоҷикистон барои савдои байнулмилалӣ

. / Иқтисодиёт

Роҳандозии Равзанаи ягона дар Тоҷикистон барои савдои байнулмилалӣ

Ин таҷрибаи нахустин байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Сурат: swcustoms.tj
Аз 1 сентябр дар Тоҷикистон низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба кор медарояд.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар таҳияи низом таҷрибаи ягон мамлакат истифода нашуда, таъминоти барномавии он комилан маҳсулоти миллӣ мебошад.
Илова бар ин, таъкид мекунанд дар Хадамоти гумрук, чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин таҷрибаи гузаштан ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна шуморида мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин низом зимни анҷоми расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ гузаштани ҳуҷҷатгузорӣ аз коғазӣ ба электронӣ пешбинӣ шудааст. Низом ҷиҳати дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ имкон медиҳад.
Низоми мазкур аз ҷониби КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумрук идора карда мешавад.

Дар Консепсияи таъсиси “Равзанаи ягона” гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ низоми иҷозатномадиҳии давлатии душвору қисман такроршавандаи анҷоми расмиёти содиротиву воридотӣ амал мекунад. Иштирокчиёни савдои байнулмилалӣ барои риояи қонунгузории гумруки кишвар ба пешниҳоди шумори зиёди ҳуҷҷатҳои гуногун ва маълумот ба мақомоти давлатӣ уҳдадоранд.
Дар санад қайд мешавад, ки баъзан мақомоти давлатӣ қоида ва шартҳои худро пешниҳод мекунанд, ки ин ба зиёдшавии хароҷоти моддии корхонаву ширкатҳо боис гардида, дар ниҳояти кор оқибати он дар нархи баланди ниҳоии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо таҷассум меёбад.
Барои соддагаронии расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳои машғул ба воридоту содироти молу маҳсулот тасмим гирифта шуд, ки механизми “Равзанаи ягона” ҷорӣ шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.