расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Пас аз 30 соли танаффус Комбинати орди Душанбе ба кор даромад

. / Иқтисодиёт

Пас аз 30 соли танаффус Комбинати орди Душанбе ба кор даромад

Акнун он ба коркарди 400 тонна гандум дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 10 навъи орд имкон дорад.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, комбинат зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда, акнун бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардид.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектарро дар бар гирифта, бо харҷи беш аз 50 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ шуд.
“Сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Чин хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад”, - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки акнун комбинат ба коркарди 400 тонна гандум дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 10 навъи орд имкон дошта, дар он ҳамчунин истеҳсоли сабӯс, маснуоти макаронӣ, нонӣ ва қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.



Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ1/9
Дар маросим иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.