расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » “Сангтӯда-1” аз пардохти фоизҳо аз қарзи андоз дар соли 2021 озод шуд

. / Иқтисодиёт

“Сангтӯда-1” аз пардохти фоизҳо аз қарзи андоз дар соли 2021 озод шуд

Барои ин далели асоснок ҳам ҳаст: “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” зиёда аз 156 млн доллар қарздор мебошад.


Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ба қарзи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст, фоиз ҳисоб намекунад, гуфта мешавад дар Буҷети давлатӣ барои соли 2021.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози кишвар, агар андоз дар муҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, барои ҳар як рӯзи таъхир шурӯъ аз рӯзи аввали он фоизҳо ҳисоб карда мешаванд. Қарздор барои ҳар як рӯзи тақвимӣ 0,05% аз маблағи қарзи андоз фоиз пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи “Сангтӯда-1” яке аз қарздорони асосӣ аз андоз ба шумор рафта, то аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи он ҳудуди 116 млн сомонӣ (зиёда аз 11 млн доллар)-ро ташкил дод.
Ҳаҷми умумии қарз аз андоз (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли равон зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба қарзҳои мунтазам дар ҳоли зиёдшавӣ қарордоштаи ширкати “Барқи тоҷик” ба ин неругоҳ марбут аст. Ҳукумат бастаи пурраи саҳмияҳои ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар ихтиёр дорад.
То аввали моҳи ҷорӣ қарзи ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба зиёда аз 1 млрд 640 млн сомонӣ (беш аз 156 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020) расид, аз ҷумла 275 млн сомонӣ  ҳамин сол ба қарз илова шуд.
“Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 44% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад”, - хабар дода буд охири моҳи октябр ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.
Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши барқро ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон таъмин мекунад.
Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба наздики 11% баробар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.