расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Аз Русия ба Тоҷикистон тухмии гандуми серҳосил оварда шуд

. / Иқтисодиёт

Аз Русия ба Тоҷикистон тухмии гандуми серҳосил оварда шуд

Захираи тухмии зироатҳо барои мавсими ояндаи киштукор идома дорад.


Тоҷикистон ба захираи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳаҷми кофӣ барои мавсими ояндаи киштукор идома медиҳад. Дар навбати аввал, ба сифати тухмӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз дар кишвар барои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар мавсими соли оянда ба қадри кофӣ тухмӣ захира шудааст.
Аз ҷумла, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” моҳи гузашта аз Русия 526 тонна гандуми тухмии  гурӯҳи элитаро дастрас намуда, 350 тоннаи он аллакай ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ тақсим карда шудаанд.
Дар Вазорати кишоварзӣ қайд мекунанд, ки дар бораи харидории гандуми тухмии  гурӯҳи элитаи навъҳои «Московская-56», «Московская-39»  ва  «Мироновская – 808» бо ширкатҳои таҳвилгари Русия қарордод баста шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, навъҳои гандуми “Московская” каме пештар коркард шуда, бо арзиши аслии паст фарқ доранд ва дар ҳамин ҳол, орди истеҳсолшуда аз он хусусиятҳои хуб дорад.
Ин навъи гандум ҳатто дар шароити душвортарини иқлим низ ҳосили хуб дода, ба бемориҳои гуногун тобовар аст.
Навъи “Мироновская-808” ба хушкӣ тобовар буда, ҳосилнокиаш баланд аст.
Мутахассисони Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ин навъҳои гандум аллакай ба шароити табиати ҷумҳурӣ мутобиқ гардида, дар сурати риояи хуби технологияи парвариш на камтар аз 5 тонна аз 1 гектар ҳосил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 45,3 ҳазор тонна тухмии гандум, наздики 6,5 ҳазор тонна дигар зироати ғалладона ва 36,6 ҳазор тонна тухмии картошка захира шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.