расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷии кишвар $40 млн медиҳанд

. / Иқтисодиёт

Соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷии кишвар $40 млн медиҳанд

Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст.

Сурат: usa-today
Субъектҳои хоҷагидорӣ имсол барои пардохти қарзи хориҷӣ бояд ба ҳукумати кишвар зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) диҳанд. Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст.
Ин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявии корхонаҳо аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин иборат аст.
Тариқи имзои созишномаи фаръии қарзӣ ҳукумат барои маблағгузории ин ё он эҳтиёҷоти субъектҳои хоҷагидорӣ қарзи хориҷӣ ҷалб намуда, онро худи субъектҳо пардохт мекунанд. Ҳукумат дар ин маврид ба сифати қарзгир ё кафил иштирок мекунад.
Дар рӯйхат 6 субъектҳои хоҷагидории қарздор зикр шудаанд:
- ШСХК «Барқи тоҷик» - зиёда аз 398,2 млн сомонӣ;
- КВД «Обу корези Душанбе» - ҳудуди 6,2 млн сомонӣ;
-  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - 19,6 млн сомонӣ;
- ҶСК «Тоҷиктрансгаз» - зиёда аз 3,2 млн сомонӣ;
- ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» - беш аз 9,9 млн сомонӣ;
- ҶСК «Помир Энержи» - зиёда аз 4,9 млн сомонӣ.
Ҳамаи ин корхонаҳо ба ҷуз ширкати “Помир Энержи”, аз ҷониби ҳукумат идора карда мешаванд.
Қарздиҳандагони асосӣ аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои пардохти қарзи асосии беруна (бе назардошти фоизҳо) дар маҷмӯъ наздики 1,5 млрд сомонӣ равона кунад. Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда ин маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешаванд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ 3 млрд 163 млн долларро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.