расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Ангиштканони тоҷик имсол рекорд гузоштанианд

. / Иқтисодиёт

Ангиштканони тоҷик имсол рекорд гузоштанианд

Онҳо ният доранд, ки истихроҷи ангиштро то ба 2,2 млн тонна расонанд.

Сурат: news.tajweek.tj
Корхонаҳои соҳаи истихроҷи ангишти Тоҷикистон соли равон истихроҷи онро то ба ҳаҷми рекордии 2,2 млн тонна расониданианд.
Дар изҳороти табрикии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни касбии Рӯзи ангиштканон қайд мешавад, ки ин миқдор дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта қариб 200 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Истихроҷи ангишт аз аввали соли равон то 25 август ба 1 млн 164 ҳазор тонна  расонида шуда, дар як шабонарӯз аз 8 то 11 ҳазор тонна истихроҷ мегардад.
“Истихроҷи ангишт дар 7 моҳи соли равон  наздики 970 ҳазор тоннаро ташкил дода, 3,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад”, - қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, соли равон 8 корхона дар 6 кон ба истихроҷи ангишт машғул буда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 18 корхонаи истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ангишти истихроҷшуда асосан ба Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, инчунин корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ фурӯхта мешавад. Ҳамчунин ангишти Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мегардад. Ҳаҷми содироти он дар нимсолаи аввал 3,1 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба тарзи истихроҷи зеризаминии ангишт оғоз намуданд. Ҳаҷми истихроҷ бо ин тарз дар соли гузашта 5,5% аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангиштро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 конҳо ва зуҳуротҳои ангишт кашф шудаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисобӣ шуда, аз он  331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ  барои истихроҷу коркард омода  мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 баробар - аз 870 ҳазор тонна дар соли 2014 то ба 2 млн тонна дар соли 2019 афзуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.