расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Муовини сарвазир аз хатлониён хостааст барқи зиёд истифода накунанд

. / Иқтисодиёт

Муовини сарвазир аз хатлониён хостааст барқи зиёд истифода накунанд

Ин даъвати муовини сарвазир ва раиси вилоят дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ аст, ки интиқоли қувваи барқ ба деҳот рӯзона аз соати 7:00 то соати 17:30 қатъ карда мешавад.

Муовини сарвазир, раиси вилояти Хатлон, вазири энергетика ва захоири об
Сурат: Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон
Муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода зимни як ҷаласаи корӣ вобаста ба омодагии вилояти Хатлон ба зимистон, рӯзи 2 декабр дар шаҳри Бохтар аз ширкатдорони ҷаласа даъват кардааст, ки бинобар сабаби кам будани об дар обанборҳои неругоҳҳои кишвар, барқро самараноку эҳтиёткорона истифода бубаранд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин вазири тозатаъини энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ ҳузур доштааст.
Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар додааст, дар ин ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода ва Қурбон Ҳакимзода низ ин даъватро аз ҳозирин кардаанд.
“Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқи обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барқ эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст.  Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро безарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд”- омадааст дар хабарномаи маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон.
Ҳамчунин дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки Шабакаҳои барқи ҷануб ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати якуми декабр корҳои омодагӣ ба зимистонро аз 60 то 100 фисад иҷро кардаанд.
Ин даъвати муовини сарвазир ва раиси вилоят дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ инҷониб интиқоли қувваи барқ ба деҳот рӯзона аз соати 7:00 то соати 17:30 қатъ карда мешавад. Сарфи назар аз ин ки дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёде ба миён омадааст, то кунун  ширкати “Барқи тоҷик” ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар сабаби рӯзона қатъ шудани барқро дуруст шарҳ надодаанд. "Барқи тоҷик" танҳо чанд маротиба ин ҳолатро ба корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ рабт додаву ҷорӣ шудани лимити барқро рад кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.