расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Соли 2021 Тоҷикистон $453 млн қарзи хориҷӣ дарёфт карданист

. / Иқтисодиёт

Соли 2021 Тоҷикистон $453 млн қарзи хориҷӣ дарёфт карданист

Ин маблағҳо ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона мешаванд.

Сурат: Businessman.ru
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар 3 соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ ҷалб намояд.
Дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ, ки чанде пеш, рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, соли 2021 ҷалби 452,9 млн доллар, соли 2022 - 459,7 млн доллар ва соли 2023 - 246,8 млн доллар қарз дар назар аст.
Барнома асосан аз ҳисоби маблағҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР), Бонки исломии рушд (БИР) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамчунин ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Бонки осиёии рушд (БОР), Фонди Саудии рушд, Фонд Кувайтии рушд, Эксимбонки Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар сарпарастон маблағгузорӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳамаи ташкилотҳои молиявии дар боло зикршуда ба Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок қарз медиҳанд.

Ба ин тариқ, қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, БОР, БИР, Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт), Фонд Кувайтии рушд, Фонди Саудии рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба давраи дарозмуҳлат (аз 20 то 40 сол) дода мешаванд. Меъёрҳои фоизии онҳо 0,75-2%-и солонаро ташкил дода, давраи имтиёзнок бо баргардонидани маблағи асосии қарз аз 4 то 10 солро дар бар мегирад.
Қарзҳои Эксимбонки Чин ба муҳлати 20-25 сол дода шуда, меъёри фоиз 1,5-2,5%-и солона ва давраи имтиёзнок бо баргардонидани маблағи асосӣ аз 9 то 11 солро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи қарзҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд меъёр Libor+1 фоиз ва дар баробари он маблағҳои грантӣ ҷудо мешаванд.
Пешбинӣ шудааст, ки маблағҳои дастрасшуда ба барқарор сохтан ва рушди низоми нақлиёти кишвар, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахшҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустиву маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракуниии давлатӣ равона мегарданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 163 млн долларро ташкил дод. Бо сохтори қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар суроғаи зерин маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.