. / Иқтисодиёт
Тӯли 12 сол сомонӣ нисбат ба доллар 3,3 баробар беқурб шуд
Ҷадвали поинравии пули миллии тоҷикӣ нисбат ба доллари амрикоӣ аз рӯйи солҳо.
Сурат: Акс аз бойгонии Asia-PlusҚурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар дар соли нопурраи 2020 (аз 1 январ то 18 ноябр) ба андозаи 16,6% поин рафт, ки яке аз назаррастарин коҳишёбӣ тӯли 12 соли охир мебошад.
Пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар танҳо соли 2015 нисбатан беқурбтар шуда, он 34%-ро ташкил дода буд.
Истодагарии бештари сомонӣ нисбат ба доллар соли 2012 ба қайд гирифта шуда, он замон қурби он қариб бетағйир - ҳамагӣ 0,1% боқӣ монда буд.
Ба ин тариқ, тайи 12 соли ахир сомонӣ нисбат ба доллар 3,3 баробар: аз 3,35 (ба ҳолати 1 январи соли 2009) то 11,30 (18 ноябри ҳамин сол) беқурб шуд.