расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Хадамоти алоқа: даромади операторони алоқаи мобилӣ афзуд

. / Иқтисодиёт

Хадамоти алоқа: даромади операторони алоқаи мобилӣ афзуд

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ин ниҳод, даромадҳои худи Хадамот кам шудааст.

Сурат: vyborok.com
Даромади операторони хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 82 млн сомонӣ (7,2 млн доллар) афзудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ операторони хусусӣ 1 млрд 860 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,6% зиёдтар аст.
Ҳиссаи операторони хусусии мобилӣ дар бахши алоқаи Тоҷикистон 94%-ро ташкил медиҳад.
Даромади оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик”, инчунин дигар воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, ба андозаи 25% кам шудааст: аз 146 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли гузашта то ба 110 млн сомонӣ дар 9 моҳи соли равон.
Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3,1 млн муштариён ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ - қариб беш аз 6 млн нафарро ташкил дода, ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

чанд соли охир мунтазам кам мешуд. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ коҳиш ёфта, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.
Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).
Аввали моҳи октябри ҳамин сол дар бораи ба фаъолият оғоз намудани боз як ширкати алоқаи мобилӣ - “О Мобайл” хабар дода шуда буд.
Афзоиши даромади операторони мобилӣ ба гумони ғолиб, ба гароншавии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар семоҳаи дуюми ҳамин сол, инчунин дар робита ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он аксарият ба кори фосилавӣ гузашта, мутаносибан аз алоқаи мобилӣ ва интернет зиёдтар истифода мебурданд, вобаста аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.