расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » “Зӯрамон намерасад”. Тоҷикматлубот ба бахшҳои Суғдияш маблағ надод.

. / Иқтисодиёт

“Зӯрамон намерасад”. Тоҷикматлубот ба бахшҳои Суғдияш маблағ надод.

Ин ниҳод мегӯяд бо ин вазъ наметавонад аз болоравии нарх дар бозорҳо пешгирӣ кунад


Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилояти Суғд аз он нигарон аст, ки дар як вазъи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ наметавонад дар танзими нархи бозор саҳм гузорад. Масъулини ин ҷамъият мегӯяд, дар сурати аз будҷа ҷудо гардидани маблағ онҳо имкони захираи маҳсулотро доштанд.
Иброҳим Мутуллозода, раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки имсол ҳамагӣ беш аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира кардаанд, ки барои аҳолии ин вилоят басанда нест. Вай мегӯяд, бо захираи  200 тонна пиёз, 103 тонна картошка, 20 тонна себ чӣ тавр дар поён бурдани нархи бозор саҳм  гузорем? Ин дар ҳолест, ки бинобар набуди будҷа то ҳол маблағи маҳсулоти соҳибкороне, ки ба ин иттифоқ маҳсулот додаанд, пардохт нашудааст. Ду сол қабл "Тоҷикматлубот" беш аз 200 ҳазор сомонӣ барои бахшҳояш дар Суғд маблағ ҷудо карда буд, аммо имсол ҷудо накард.
“Мо танҳо бо маблағҳои мутамаркази Тоҷикматлубот маҳсулоти кишоварзӣ захира мекунем, ки дар ин кор соҳибкорон ёрӣ мерасонанд. Имсол вазъи молиявии мо мушкил аст. Ду сол инҷониб “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо намекунад ва имсол низ ҷудо накард. Қаблан тариқи имтиёз ба мо маблағ медод ва дар шаш моҳ онро бармегардонидем. Агар “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо мекард,  ҳоло вазъ то ба ин дараҷа намерасид. Баъди он ки дар шаҳри Душанбе сардхонаи 1,5 ҳазор тонннаи сохтанд “Тоҷикматлубот” ба захираи маҳсулот дар пойтахт рӯй овард”.
Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилояти Суғд худмаблағгузор аст ва ба гуфти Иброҳим Мутуллозода бо даъвати ҳукумат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ороставу то 20-30 фоиз арзонтар аз нархи бозор маҳсулоти худро мефурӯшанд, ки он ҳам танҳо як рӯз аст.Раиси ин ниҳод мегӯяд, агар дар захира маҳсулот дошта бошанд бо вуҷуди ҷаҳиши нархи бозор онҳо фоида ҳам набинанд, зиён намекунанд.
“Мо ҳамаи аҳолии Суғдро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда наметавонем, зӯрамон намерасад. Танҳо 0,1% гардиши маҳсулоти Суғдро таъмин карда метавонему халос. Барои ба пурраги таъмин кардан, бояд ба мо маблағи имтиёзии бефоиз ҷудо гардад. Агар маблағ ҷудо гардад мо ба ҷон ҳамаи маҳсулоти кишоварзиро захира мекунем.  Ҳоло ҳам то қадри имкон саҳми худро барои поён кардани нархи маҳсулот гузошта истодаем, ки фақат тариқи ярмаркаҳо аст”,-мегӯяд ӯ. 
Давоми чанд моҳи охир нархи маҳсулоти хӯрока дар вилояти Суғд якбора ҷаҳид ва боиси нигаронии сокинон низ гаштааст. Сокинон бештар аз танзим нашудани нархи маҳсулот дар бозор шикоят доранд. Аммо Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот, ки замоне иқтидори то ҷое танзими нархи маҳсулот ба захираҳои бузургашро дошт аз он нигарон аст, ки бо далели ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби Тоҷикматлубот наметавонанд бо нархҳои ҷаҳандаи бозор рақобат кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.