расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб 20% кам шуд

. / Иқтисодиёт

Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб 20% кам шуд

Семоҳаи аввал интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои ИДМ ҳамагӣ 8% кам шуд.

Сурат: аз торнамои kpcdn.net
Байни кишварҳои ИДМ ҳаҷми бештари коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Қазоқистону Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Тавре Бонки марказии Русия хабар медиҳад, дар муқоиса бо 3 моҳи аввали соли гузашта семоҳаи аввали имсол ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қазоқистон 42,3% - то 60 млн доллар кам шудааст.

Дар ин давра шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон 453 млн доллар пул фиристодаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2019 ба миқдори 19,4% камтар мебошад.
Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали имсол ба сурати умум 8% - то 2,69 млрд доллар коҳиш ёфт.
Дар сегонаи аввали кишварҳо Арманистон қарор дошта, давоми се моҳи имсол аз Русия ба ин давлат 16,2% - то 181 млн доллар камтар маблағ ирсол шудааст.
Тӯли ин муддат интиқоли пул аз Русия ба Молдова ба миқдори 14,7% то 110 млн доллар, Қирғизистон - 9,2% то 494 млн доллар ва Беларус - 5,4% то 122 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳанда барои чанде аз кишварҳои ИДМ афзуд. Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Озарбойҷон 6% - то 247 млн доллар, ба Украина 4% - то 262 млн доллар, ба Ӯзбекистон 0,4% то 756 млн доолар зиёд шуда, ба Туркманистон низ аз сатҳи сифри соли пешин то 1 млн доллар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия баръакс, ба андозаи 4,6% то 497 млн доллар афзудааст. Коҳиши ҳаҷми интиқол аз ҷониби шахсони воқеӣ танҳо аз Тоҷикистон (66,7%) ва Қирғизистон ба қайд гирифта шуда, афзоиши интиқоли аз ҳама бештар аз Украина (38,4%) ва Туркманистон (33,3%) амалӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.