расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Саррофони ғайриқонунӣ "пауза" кардаанд: доллар тухми анқо шуд

. / Иқтисодиёт

Саррофони ғайриқонунӣ "пауза" кардаанд: доллар тухми анқо шуд

Тибқи баъзе маълумот, дар бозори ғайрибонкӣ аз дирӯз амалиёти мубодилаи асъор гузаронида намешавад.

Сурат: ozodi.org
Пас аз тасҳеҳи (коррексияи) қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тавре интизорӣ мерафт, арзи миллии  Тоҷикистон дар бозори мубодилаи асъори нақд беқурб шуд.
Қурби хариду фурӯши доллари нақд имрӯз дар “Бонки Эсхата” мутаносибан дар сатҳи 11,31-11,33 сомонӣ, “Бонки Арванд” – 11,32-11,33 сомонӣ ва дар Аввалин бонки молиявии хурд – 11,30-11,33 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки аксарияти бонкҳои кишвар бо сабаби камёфтии доллар кайҳо инҷониб ин асъорро намефурӯшанд, вале бо майли том онро мехаранд.
Сомониро ба доллар танҳо дар якчанд бонкҳо иваз мекунанд ва он ҳам ба таври хеле маҳдуд – то 200 доллар ба 1 нафар.
Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ якчанд нафар дар як рӯз аз ин бонкҳо доллар гирифта метавонанд ва барои гирифтани он пешакӣ бояд дар навбат худро номнавис кард ва интизор мебояд шуд, ки кай даъват мекунанд. Ин кор якчанд рӯз тӯл кашида метавонад.
БМТ бо назардошти вазъият дар бозори ғайрибонкӣ, чанде пеш тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба долларро якбора ба андозаи 9,4% анҷом дод ва аз ин рӯ, ин бозор ду рӯз боз дар ҳолати интизорӣ қарор дорад.
Тибқи баъзе маълумот, аз дирӯз инҷониб саррофон (валютчикҳо)-и ғайриқонунӣ аз ивази доллар ба сомонӣ худдорӣ намуда, чӣ гуна минбаъд сурат гирифтани вазъиятро дар бозори асъор мунтазиранд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли 2016 мубодилаи асъор дар Тоҷикистон танҳо дар муассисаҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. То ин вақт қонунгузорӣ ба ҳама гуна шахси воқеӣ ҷиҳати кушодани нуқтаи мубодилаи асъор дар баробари бонкҳо ва дигар ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) иҷоза медод.

Чор сол пеш дар қонунгузорӣ ҷазо барои баргузории амалиёт бо асъор дар нуқтаҳои ғайрибонкӣ то маҳрумият аз озоди ба муҳлати 9 сол бо мусодираи амвол сангинтар шуда, лекин бо вуҷуди ин, қисмати асосии асъор дар бозори ғайриоқонунӣ иваз мешавад.
Доллар дар “бозори сиёҳ” то тасҳеҳи дирӯзаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба ин асъор 11,3-11,5 сомонӣ (барои 1 доллар) нарх дошт.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш, рӯзи 4 ноябр Бонки миллӣ тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ анҷом дода, онро якбора ба андозаи 9,3% - аз 10,33 сомонӣ то ба 11,3 сомонӣ барои 1 доллар тағйир дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.