расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Таъсиси пойгоҳи нави иттилооти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

Таъсиси пойгоҳи нави иттилооти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Он барои ширкатҳои машғул ба воридоту содироти дохил ва хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.


Дар доираи лоиҳаи “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ”, ки аз ҷониби як Муассисаи давлатии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати “НИРАС” татбиқ ва онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар заминаи сомонаи интернетии http://tajikproduce.com/ платформаи иттилооти кишоварзӣ таҳия шуд.
Зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни байнулмилалӣ ширкатҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва ба сурати умум, маълумот дар бораи Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкории дарозмуддат дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бар асоси маълумоти ҷамъоварда тасмим гирифта шуд, ки як воситаи универсалие таъсис дода шавад, то дастрасӣ ба маълумот дар ин самт беҳтар гардида, ба пешбурди содироти сабзавоту мева аз кишвари мо бозорҳои кишварҳои узхви ИДМ мусоидат карда шавад.
Платформаи мазкур барои ширкатҳо, соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баҳри мусоидат ба онҳо дар воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.