расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » БАОР барои дастгирии буҷети Тоҷикистон $50 млн қарз дод

. / Иқтисодиёт

БАОР барои дастгирии буҷети Тоҷикистон $50 млн қарз дод

Маблағ ба дастгирии буҷети ҷумҳурӣ дар шароити оқибатҳои манфии пандемия равона мегардад.


Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллар қарз дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк. Ин маблағ аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки онро БАОР дар ихтиёр дорад, ҷудо шудааст.
Гуфта мешавад, қарз ба муддати то 20 сол бо давраи имтиёзнок ва меъёри сабтшудаи 1%-и солона пешниҳод мегардад. Дар соли аввал меъёр бештар имтиёзнок буда, 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад.
Дар маълумот қайд мешавад, ки маблағ ба дастгирии буҷети ҷумҳурӣ дар шароити оқибатҳои манфии пандемия равона мегардад.

“Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таъсири COVID-19 ба иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва молия, ки дар дархосташон барои гирифтани қарз дарҷ ёфтаанд, ба ҷуз тадбирҳо дар самти дастгирии соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодиро бо шумули коҳиши хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷет ба нафъи хароҷот ба маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021, баргузории сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ, ки ба ҳавасмандсозии афзоиши иқтисод дар шароити маҳдудияти болоравии нархҳо дар сатҳи на зиёдтар аз нишондиҳандаи мақсаднок ва таъмини устуворӣ дар бахши молия нигаронида шудааст, дар бар мегирад”, - таъкид мешавад дар маълумоти БАОР.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар қатори Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия узви БАОР мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.