расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » UnionPay International Co. - оператори нави низоми пардохти Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

UnionPay International Co. - оператори нави низоми пардохти Тоҷикистон

Ин ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин мебошад.

Сурат: tengrinews.kz
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ширкати UnionPay International Co. иҷозатномаи фаъолият ба сифати оператори низоми пардохтро дод.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи фаъолият дар ин самт ба ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст.
Бо ҳамин қарор Идораи низоми пардохт уҳдадор карда шудааст, ки ин ширкатро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабт намояд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯйхати операторони низоми пардохти БМТ то ин замон 15 ширкат сабт шудаанд.
UnionPay International ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин буда, ба фаъолият берун аз ҳудуд ин кишвар мутамарказ шудааст.
Ширкати мазкур ба истифодаи кортҳо барои пардохти маблағи хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин гирифтани пули нақд дар 179 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад. Кортҳои UnionPay дар зиёда аз 61 давлат нашр мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.