расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Баҳси 90-милёнии қарзи барқ дар Бохтар: кӣ ҳақ аст?

. / Иқтисодиёт

Баҳси 90-милёнии қарзи барқ дар Бохтар: кӣ ҳақ аст?

Ҷонибҳо аз шеваи кори якдигар розӣ нестанд.


Баҳси Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар ва ташкилоту идораҳои буҷавӣ сол аз сол печидатар мегардад. Яке дигарро дар напардохтани ҳаққи истифодаи барқ  айбдор дониста, дигаре бо шеваи ҳисоби ҳаққи истифодаи барқ розӣ нест. Кӣ ҳақ аст?
Масъулини Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мегӯянд, ташкилотҳои буҷавӣ аз истифодаи ҳаққи барқ миллионҳо сомонӣ қарздоранд. Аҳлиддин Шарифзода, муовини сардори Шабкаҳои барқи шаҳри Бохтар ба “Asia-Plus” гуфт, ки баҳси онҳо барои соф кардани ин қарзҳо бо ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ солҳост идома дорад.
“Яке аз инҳо Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунии шаҳри Бохтар аст, ки қарзи ҳаққи истифодаи барқаш беш аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аслан қарзи ин муассиса аз солҳои пеш хеле зиёд аст, вале мо аз он гузашт кардем ва  чанд соли охирашро ҳисоб кардем. Имсол ҳамагӣ 150 ҳазор сомонӣ пардохт карданд”,- мегӯяд Аҳлиддин Шарифзода.

Норизоятӣ аз шеваи ҳисоби барқ

Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунии шаҳри Бохтар Миралишоҳ Сайфиддинзода дар сӯҳбат бо “Asia-Plus” қарздории муаасисашонро тасдиқ кард, вале аз шеваи ҳисоби ҳаққи барқи истифодашуда изҳори норозигӣ кард.
“Муассисаи мо воқеъан аз ҳаққи истифодаи барқ 2 миллиону 50 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва мо инро эътироф мекунем. Имсол 150 ҳазор сомонияшро пардохт кардем. Ин қарзҳо аслан аз солҳои пеш омада истодааст. Солҳои пеш муассисаи мо ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Неруи барқи истифодашуда  ҳисоб мешуд ва санадҳои муқоисавӣ тартиб дода мешуд. Маблағи онро ширкати Барқи тоҷик бо Вазорати молия тафсия мекарданд. Ду сол пеш амалиёти ҳисоббаробаркуниро ҳукумат манъ кард ва қарзи мо аз ин ҳисоб зиёд шуд. Барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ, танҳо имсол дар нақшаи хароҷотии корхона аз буҷаи шаҳр 300 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карданд. Мисле гуфтам, 150 ҳазор сомониро пардохт кардем ва то охири сол боқимондаашро низ пардохт мекунем”,- гуфт Миралишоҳ Сайфиддинзода.
Ба гуфти Миралишоҳ Сайфиддинзода, яке аз сабабҳои баланд шудани қарзҳои корхонаи онҳо аз барқ ин ба назар нагирифтани ҳисобкунакҳои барқӣ аз тарафи Шабакаҳои барқи Бохтар аст.
“Мо имрӯз 70 фоизи чароғпояҳои шаҳҳро ба ҳисобкунакҳои барқ пайваст кардем. Ба Шабакаҳои барқи шаҳр мактуб карда, хоҳиш намудем, ки ҳисобкунакҳои барқиро қабул кунанд ва минбаъд аз рӯи ҳисобкунакҳо ҳаққи истифодаи нерӯи барқро ҳисоб кунанд. Мутаассифона, онҳо аз мо талаб доранд, ки то 100 фоиз чароғпояҳои шаҳро ба ҳисобкунакҳои барқӣ пайваст накунем, қабулашон намекунанд. Айни замон онҳо маблағи ҳаққи истифодаи барқро аз рӯи тавоноии фурӯзонакҳо дар 12 соат ҳисоб мекунанд, ки ин воқеӣ нест.  Танҳо дар фасли зимистон шояд 12 соат фурӯзонакҳои шаҳр гирон бошанд, вале дар фасли тобистон мо онҳоро аз соати 20 то 5 субҳ истифода мебарем”, - илова кард Миралишо Сайфиддинзода.
Аммо муовини сардори Шабакаҳои барқи Бохтар мегӯяд, онҳо то кунун мактубе дар мавриди қабул кардани ҳисобкунанкҳо нагирифтаанд. Ӯ мегӯяд, соли 2018 як мактуб буд, ки ба далели ноқисиҳо мо онро қабул накардем.

90 миллион сомонӣ аз куҷо пайдо шуд?

Қарзи ҳаққи неруи барқ дар шаҳри Бохтар ҳудуди 90 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар ин байн ташкилотҳои буҷавӣ низ зиёданд. Аз ҷумла муассисаҳои соҳаи тандурустию маориф низ.
Аҳлиддин Шарифзода мегӯяд, мо барои сабук шудани қарзи ташкилотҳои буҷавӣ тасмим гирифтем, тариқи ҳисоббаробаркунӣ қарзҳояшонро кам кунем.
“Аз соли 2017 бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисоббаробаркунии нақдию ғайринақдӣ манъ шуда буд. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ боз иҷозат доданд, ки қарзҳои ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷавиро тариқи ҳисоббаробаркунӣ тафсия кунем. Моҳи август мо 320 ҳазор сомонӣ қарзро кам кардем. Боз қарзи муассисаҳои тандурустиро, ки 500-600 ҳазор сомонӣ аст кам карданием”, - мегӯяд Шарифзода.

Қарздоркунии сунъӣ?

Муассисаҳои буҷетии шаҳр дар суҳбатҳои ҷудогона шикоят мекунанд, ки Шабакаҳои барқи шаҳр онҳоро ба таври сунъӣ қарздор мекунад. Як баҳона пеш меоранд, ки Шумо барқро аз лимит зиёд истифода кардаед ва онро чандкарата ҳисоб мекунанд.
Дар ин росто Аҳлиддин Шарифзода мегӯяд, дар шартномаҳои байни идораи онҳо ва истифодабарандагон ва қоидаҳои истифодабарии барқу гармидиҳӣ чунин қоида ҳаст:
“Мо дар аввали сол, вақте бо ташкилоту идораҳо шартнома мебандем, аз онҳо хоҳиш мекунем, ки талаботи муассисаи худро дар давоми сол ба нерӯи барқ муайян кунед ва ба мо пешниҳод намоед. Мо инро дар шартнома низ қайд мекунем. Вақте нерӯи барқро аз ҳамон меъёри нишондодаашон зиёд истифода мекунанд, мувофиқи қоидаҳои истифодабарии нерӯи барқ ва гармидиҳӣ, мо ҳар як киловат неруи барқи зиёдатӣ истифодашударо 9 баробари дигар зиёд ҳисоб мекунем. Масалан, агар 10 киловат зиёд истифода карда бошанд, онро 90 киловат ҳисоб мекунем”.

Ҳамчунин ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ низ ҳаст. Вале ба гуфтаи Шарифзода, инҷо як мушкили дигар аст, ки сабаби зиёд шудани қарзи муассисаҳои буҷавӣ мешавад.
“Дар нақшаи хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ маблағҳои муайян барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ нишон дода мешавад. Ҳаҷми ин маблағҳо ба истифодаи воқеъии нерӯи барқ рост намеояд. Масалан, дар харҷномаи як мактаб ё беморхона дар як семоҳа 2 ҳазор сомонӣ нишон дода шудааст. Дар асл ин муассиса дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ барқ истифода мекунад. Аммо ҳақ надоранд аз доираи нақшаи хароҷот берун бароянд ва аз ин ҳисоб қарзи онҳо сол аз сол зиёд мешавад”.
Аммо бо ин вуҷуд, зоҳиран баҳси қарзи барқ дар шаҳри Бохтар ба як мушкили ҳалношуданӣ табдил шудааст, ки аз як сол ба соли дигар “мекӯчад” ва роҳи ҳаллаш пайдо намешавад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.