расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Дар Шаҳристон низ ба хашговпарварӣ оғоз карданд

. / Иқтисодиёт

Дар Шаҳристон низ ба хашговпарварӣ оғоз карданд

Аз ин пештар Дар Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ хашговпарвариро роҳандозӣ карда буданд

Сурат: Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд
Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба парвариши хашгов ё қӯтос оғоз намуд. Рӯзи шанбеи 24-уми октябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 10 сар хашгов, ки аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда шуда буданд ба хоҷагии ҷангал супурда шуданд.
Сухангӯйи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳадафи хашговпарварӣ зиёд намудани саршумори хашгов ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба ин минтақаи кӯҳӣ аст. Бино ба иттилои ӯ раиси вилояти Суғд масъулини хоҷагии ҷангалро муваззаф намудааст, ки барои нигоҳубини хашгов таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд.



Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд1/7
“Барои эмин нигоҳ доштан аз шикори ғайриқонунӣ, зиёд намудани саршумори қӯтос ва барои таъмини хӯрока дар фасли зимистон раиси вилоят ба масъулини хоҷагии ҷангал дастур дод”-гуфт сухангӯйи раиси вилояти Суғд.
Қаблан дар соли ҷорӣ ба Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи аврупоӣ оварда буданд, ки он замон низ мақомот гуфта буд, ҳадаф доранд бахши сайёҳӣ дар ин минтақаи кӯҳиро рушд диҳанд.
Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ чанд сол пештар бахши хашговпарварӣ оғоз шудааст ва ҳоло дар ин ноҳияҳо беш аз 2000 сар хашгов парвариш мешавад, ки асосан ҳамчун манбаъи гӯшт истифода мебаранд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.