расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » USAID: мусоидат ба фаъолияти содиркунандагони меваву сабзавоти Осиёи Марказӣ

. / Иқтисодиёт

USAID: мусоидат ба фаъолияти содиркунандагони меваву сабзавоти Осиёи Марказӣ

Дар бораи содиркунандагони мева ва сабзавот аз Осиёи Марказӣ маълумотномаи муфассал нашр шуд.

Сурат: rossaprimavera.ru
Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Маълумотномаи муфассале дар бораи содиркунандагони мева ва сабзавот аз Осиёи Марказӣ нашр намуд, ки ҳадаф аз он фароҳам намудани иттилоот дар бораи истеҳсолкунандагон миёни харидорони потенсиалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Беш аз 120 содиркунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар феҳристе дарҷ шудаанд, ки ҷузъиёти марбут ба маҳсулоти онҳо (аз рӯи категория), брендҳо, каналҳои фуруш ва маълумот барои тамосро дар бар мегиранд.

Дар ин роҳнамо ҳамчунин бахше ҳаст, ки тавассути он метавон дар бораи хароҷоти ҳамлу нақл ва вақти барои транзит аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои калидии содиротӣ дар Аврупо ва Осиё огаҳӣ пайдо кард.
Осиёи Марказӣ қарнҳост, ки намудҳои васеи мева ва сабзавотро истеҳсол ва тиҷорат мекунад. Бисёре аз истеҳсолкунандагон акнун омода ҳастанд бозори худро берун аз минтақа густариш диҳанд. Ин Роҳнаморо лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эъҷоди ҷойҳои кор ба унвони як каталоги қобили дастарсии осон барои намоиш додани истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва ширкатҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки моил ва омодаи содироти маҳсулоти мева ва сабзавоти худ ҳастанд, таҳия намудаааст. Ин Роҳнамо барои воридкунандагон дистрибюторҳо, харидорони чаканафурушӣ ва ташкилкунандагони намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст.
USAID ахиран як Роҳнамоии вижаи содиротӣ барои содиркунандагони Осиёи Марказӣ таҳия кард, ки дар он иқдомоте, ки барои ворид шудан ба бозорҳои содиротӣ бояд анҷом дода шаванд, тавсиф карда шудаанд.
Дар он ҳамчунин роҳнамоӣ дар мавриди таҳқиқу омӯзиши бозор, стандартҳо, қиматгузорӣ, таблиғот, бастабандӣ ва намоишгоҳҳои тиҷорӣ барои афзоиши имконоти содироти муваффақиятомез ироя шудааст.
Ҳар ду нашрия ба содиркунандагони маҳсулоти мева ва сабзавоти Осиёи Марказӣ дар ҷиҳати афзоиши рақобат ва диверсификатсияи вобастагии онҳо ба бозорҳои суннатӣ кумак хоҳанд кард, то битавонанд самтҳои содиротии навро таҳти ҳадаф қарор диҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.