расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » БРСММ: Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаро маҳдуд мекунанд

. / Иқтисодиёт

БРСММ: Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаро маҳдуд мекунанд

Ба ақидаи коршиносон, аз лиҳози дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ онҳо дар вазъи номусоид қарор доранд.

Муқоваи гузориш
Сурат: tj.undp.org
Дар таҳқиқоти Барномаи рушди СММ (БРСММ) қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳолати мунтазам маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.
“Ба сурати умум, - таъкид мешавад дар таҳқиқот. - Ҳудуди 30% аз ҳаҷми у умумӣ ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, аз ҳисоби маблағҳои андозсупорандагон дастгирии назаррас гирифтани онҳо аз ҷониби давлат идома дорад”.

Таҳлилгарони БРСММ қайд мекунанд, ки бар асари вазнинии андоз ва танзими давлатӣ, аксари соҳибкорон дар ҷумҳурӣ намехоҳанд, ки ба сифати шахси ҳуқуқӣ худро ба қайд гузоранд.
“Ин омили боздоранда ҳамчунин соҳибкорони маҳаллиро ба шуғли ғайрирасмӣ водор месозад”, - таъкид мекунанд онҳо.
Дар таҳқиқот ҳамчунин зикр мешавад, ки аксари корхонаҳои хурду миёна дар шароити пандемияи коронавирус ва ҷорисозии тадбирҳои худгӯшагирӣ, коҳиши талабот, ноҷӯриҳо дар таъминот ва дигар мушкилиҳо,  ба анҷоми амалиёти бузургмиқёс имкон надоранд.
“Ба таври назаррас маҳдуд шудани интиқоли маблағ боз шумори зиёдтари корхонаҳои хурду миёнаро ба шуғл дар иқтисоди ғайрирасмӣ ё қатъи пурраи фаъолият водор карда метавонад”, - илова мекунанд муаллифони гузориш.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.