расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Оғози истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

Оғози истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон

Дар корхона дар як шабонарӯз 25 ҳазор ҷуфт дастпӯшак истеҳсол мешавад.

Сурат: 4fabrika.ru
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи роҳандозии истеҳсоли боз як навъ маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, чанде пеш дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

“Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз зиёда аз 25 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмониро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар ҷамъияти мазкур коргоҳи дӯзандагӣ бо истифода аз 50 дастгоҳҳои дарздӯзӣ фаъолият дошта, духти либоси мактабӣ роҳандозӣ гардидааст ва ҳоло дар ҷамъият дар маҷмӯъ 80 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ёдрас мешавад, ки ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолият оғоз намуда, барои пешрафти соҳаи кешбофии (трикотажии) кишвар саҳми назаррас дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.