расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ЛАТТУКӮБИ ЯК НОЗИРИ “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР ДУШАНБЕ. ВКД: АЙБИ ХУДАШ ШУД...

. / Ҳаводис

ЛАТТУКӮБИ ЯК НОЗИРИ “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР ДУШАНБЕ. ВКД: АЙБИ ХУДАШ ШУД...


Наврӯзи Қосим дар бемористон. Акс аз "Фараж"
Се узви як оила дар кӯчаи Испечак-2, М-13 шоми 20 август нозири барқи ин минтақа Наврӯзи Қосимро шадидан латтукӯб карда, биниашро шикастаанд. Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Сино Баҳром Сафаралиев гуфт, нозири барқ, барои напардохтани 900 сомонӣ пули чандмоҳаи барқбарқи онҳоро қатъ кардааст ва соҳибхона бо ду писараш нозирро ба хона дароварда, латукӯб кардаанд. Аммо маркази матбуоти ВКД, бо истинод ба муфаттиши ШВКД Сино-2  ба "Фараж” гуфтандки ҳодиса дар пайи рафтори дағалона ва дашноми қабеҳ аз ҷониби нозири барқрӯй додааст: "Соҳибхона корманди Академияи миллии илмҳо аст ва чанде қабл ҳамсарашро аз даст дода будааст. Ӯ аз нозир хоҳиш кардааст, ки мусибат дорад ва якчанд рӯзи дигар сабр кунад, маблағро пурра пардохт мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, миёнашон муноқиша бармехезад ва, ба гуфтаи соҳибхона, нозири барқ ҳамсари фавтидаашро дашному ҳақорат кардааст. Дар натиҷаи асабоният нозири барқро ба хона дароварда, ҳамроҳ бо писаронаш латукӯб кардааст...»
Душанбе: Нозири барқ шадидан латукӯб шудааст
Муаллиф: Шамсулло Фозилов, "Фараж”
Як нозири барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби се узви як хонавода дар кӯчаи Испечак-2, М-13, шадидан латукӯб шудаастНозирро бо ҷароҳатҳои вазнини кафидаи сару рӯй ва шикастани бинӣ ба шифохонаи маъруф ба "Қарияи Боло” расонидаандҲодиса бо нозири барқ Наврӯзи Қосим шоми панҷшанбеи 20-уми август дар минтақаи зери назораташ рух додааст.
Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳром Сафаралиев дар шарҳи ҳодиса гуфт, воқеа пас аз он рух додааст, ки нозири барқ, барои напардохтани 900 сомонӣ маблағи истифодашудаи чандмоҳаи барқбарқи мизоҷро хомӯш ва маблағро талаб кардаастБа гуфтаи Б. Сафаралиев, ин сабаб гаштааст, ки соҳибхона бо писаронаш нозирро ба хона дароварда, латукӯб кардаанд.
Пас аз бохабар гардидан аз воқеаи рухдода ба беморхона рафтем, то дар бораи воқеъияти ҳодиса шахсан бо ҷабрдида Наврӯзи Қосим суҳбат кунемаммомавсуф бо сабаби ҷарроҳӣ шудани бинӣ ва оризаҳои даҳону рӯй сухан гуфта натавонист.
Табиби шуъбаи гӯшу гулӯву бинии беморхонаи "Шифобахш” Собир Луқмоновки НҚосимро ҷарроҳӣ кардаастгуфт,ҷабрдидабо нишонаҳои шикастани бинӣ ва кафидаи пушти гӯштахминан соати 22-и шаби 20-уми август ба шӯъба ворид шудааст ва пас аз хабар додан ба мақомотӯро фавран ҷарроҳӣ кардаанд.
Аз маркази матбуоти ВКД, бо истинод ба муфаттиши ШВКД Сино-2, ки қазияро мавриди санҷиш қарор додаастба "Фараж” гуфтандки ҳодиса шоми 20-уми август, дар пайи рафтори дағалона ва дашноми қабеҳ шунидани соҳибхона аз ҷониби нозири барқ,иттифоқ афтодааст.

"Нозири барқ дағалона рафтор карда, барқи соҳибхонаро қатъ кардааст. Соҳибхона кормандони Академияи миллии илмҳо аст ва чанде қабл ҳамсарашро аз даст дода будааст. Ӯ аз нозир хоҳиш кардааст, ки мусибат дорад ва якчанд рӯзи дигар сабр кунад, маблағро пурра пардохт мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, миёнашон муноқиша бармехезад ва, ба гуфтаи соҳибхона, нозири барқ ҳамсари фавтидаашро дашному ҳақорат кардааст. Дар натиҷаи асабоният нозири барқро ба хона дароварда, ҳамроҳ бо писаронаш латукӯб кардааст. Айни ҳол ҷабрдида дар беморхона қарор дорад ва аз рӯи қазия тафтишот рафта истодааст”, — иттилоъ доданд аз ВКД.

Айни ҳол назари шахсии нозири барқи ноҳияи Сино Наврӯзи Қосим вобаста ба қазия маълум нестзеро номбурда бо сабаби варами даҳону ҷарроҳии бинӣ дуруст ҳарф зада наметавонадҚазияро пайгирӣ хоҳем кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.