расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти Азимҷон Шокаримов, мудири донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

. / Ҳаводис

Даргузашти Азимҷон Шокаримов, мудири донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”


Азимҷон Шокаримов, мудири шуъбаи хоҷагии Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бар асари хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар синни 67 солагӣ аз олам даргузашт
Як манбаъи наздик ба хонаводаи мудири донишгоҳ бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шокаримов барои табобат ба Бемористони сирояти (инфексионий) и Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҷойе, ки алҳол гирифторони каронавирус ва илтиҳоби шушро табобат мекунанд, интиқол ёфта буд, вале аз хуруҷӣ беморӣ ҷон ба Ҳақ таслим кардааст.
“Дирӯз ба мо гуфтанд, ки Шокаримов баъд аз панҷ рӯзи табобат дар Бемористони Хуҷанд аз олам даргузаштаанд. Аз шунидани ин хабари шум, андуҳгин шудем. Он кас инсони нексиришт буданд”, - зикр намуд, манбаъ.
Азимљон Шокаримов 29 апрели соли 1953 дар ноњияи Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Аз соли 1960 то 1970 дар мактаби миёнаи деҳаи Кеврони ҷамоати Вишхарви Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳсил намуда, пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе идома дода, онро соли 1972 бомувафақият хатм намудааст.
Аз соли 1972 то 1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро Азимҷон Шокаримов аз соли 1974 дар матбааи вилоятии дар ноњияи Қалъаи Хумб буда, оғоз намуда, аз соли 1975 то 1976 дар техникуми кооперативии Ленинободии Тоҷикпотребсоюз аз рӯи ихтисоси “Баҳисобгирии бухгалтерӣ” таҳсил карда, баъдан фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаи комменданти хобгоҳи техникуми номбурда идома додааст.
 Аз соли 1979 то 1996 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба хоҷагии техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод, ҳозира Хуҷанд ва то нафаси охирин дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Барои меҳнати пурмаҳсул бо сипосномаю ифтихорномаҳо, бо нишони “Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо медали “90 - солагии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.
Шокаримов ҳамчун шахси хоксор, меҳрубону ҳамхор, кордон ва пуртаҷриба дар байни коллективи меҳнатии донишкада намунаи ибрат буда, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Масъулини Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабари даргузашти ин масъули донишгоҳро тасдиқ намуда гуфтанд, ки аз даргузашти нобаҳангоми Азимҷон Шокаримов ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада сахт андӯҳгин буда, ба фарзандон ва пайвандони шодравон сабри ҷамил мехоҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.