расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » "ДАР ПАНОҲИ ХУДО БОШЕД!” – ОХИРИН ПAЁМИ ПЕШ АЗ МАРГИ ГЕНЕРАЛ БАНДИШОЗОДА

. / Ҳаводис

"ДАР ПАНОҲИ ХУДО БОШЕД!” – ОХИРИН ПAЁМИ ПЕШ АЗ МАРГИ ГЕНЕРАЛ БАНДИШОЗОДА

Генерал-майор Милопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 7 октябр дар синни 61 аз олам чашм пӯшид. Яке аз наздикони генерал Бандишозода ба "Спутник” гуфт, ки ӯ ба "илтиҳоби шуш” гирифтор шуда, ҳудуди 10 рӯз дар шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи охир дар шифохонаи бемориҳои сироятии кӯдакон, ки дар шафати бемористони "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, табобат мегирифт."Маризии он касро пизишкон "илтиҳоби шуш” ташхис дода будандИмрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расидки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ин манбаъМилопар Бандишозода солҳои 2011-2015 муовини раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия буд ва аз афроди наздик ба роҳбари он идора генерал Абдулфаттоҳи Ғоиб ба шумор мерафт. Бандишозода соли 2013 соҳиби унвони генерал-майор шуд. . Дар охирин паёмаш дар саҳифаи худ дар Фейсбук Милопар Бандишозода ду моҳ пеш навиштааст: "Дар паноҳи Худо бошед!"
Генерал-майор Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, дар синни 61 зиндагиро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Яке аз наздикони Миллопар Бандишоев дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳудуди даҳ рӯз дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Душанбе, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” аст, тадовӣ мешуд.
"Маризии он касро пизишкон "илтиҳоби шуш” ташхис дода будандИмрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расидки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ин манбаъ.
Бандишозода дар охирин паёмаш дар саҳифаи фейсбукӣ "Дар паноҳи Худо бошед" навиштааст.

Бандишозода соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскави Русия аст.

Аз соли 1987 то 2007 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, шуруъ аз сармуфаттиш то прокурори шаҳри Конибодом кор кардааст.
Аз соли 2007 ба 2015 дар мақомоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд то муовини раиси Агентӣ фаъолият намудааст.Моҳи июни соли 2011 генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъйин шуда буд ва то моҳи феврали соли 2015 дар он мақом адои вазифа кард.
Соли 2015 ӯ дубора ба мақомоти прокуратура баргашт ва то ду соли пеш муовини Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим буд. Соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон таъин шуд. Соли 2013 бо фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро ба даст овардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.